8 Ноябр 2026 - 11:35
Source: ABNA
Намоишҳои сионистҳо алайҳи Нетанёҳу дар Тел-Авив

Садҳо сионист бо баргузории намоиш дар Тел-Авив хостори барканор шудани Нетанёҳу аз қудрат шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Абна бо истинод ба Ал-Манор, садҳо сионист дар Тел-Авив бо баргузории намоиши густурда аз сарони ҷараёни мухолифи низоми сионистӣ хостанд, ки коbinаи эътилофӣ бо ҳузури ҳизбҳои арабӣ ташкил диҳанд. Ҷараёни мухолиф бо номи «Блоки тағйир» 67 курсӣ ва ҳизбҳои арабӣ 19 курсӣ дар интихоботи порлумонии низом ба даст оварданд.

Сионистҳои ширкаткунанда дар ин намоиш эълон карданд, ки ташкили кобинаи мухолифон ва ҳизбҳои арабӣ танҳо роҳи ба поён расондани қудрати Нетанёҳу ва оғози марҳилаи нави сиёсӣ дар низоми сионистӣ аст.

Онҳо таъкид карданд, ки эътилофи Нетанёҳу дар интихоботи низом шикаст хӯрда ва аксариятро аз даст додааст.

Расонаҳои низоми сионистӣ шаби гузашта гузориш доданд, ки Исҳоқ Ҳертсог, раиси низом, Гадӣ Айзенкот, раиси ҳизби Яшарро расман ба ташкили кобина вазифадор кард.

Ин вазифаи Айзенкот ба муддати 28 рӯз, ки то 14 рӯзи дигар низ тамдид карда мешавад (дар маҷмӯъ 42 рӯз), имкон дорад кобинаи худро ташкил диҳад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha